Изҳороти ҲНИТ дар бораи идомаи бадномкунии ҳизб қабл аз интихобот

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гузориши рӯзи 25-уми август тариқи шабакаҳои давлатии телевизион пахшшуда дар бораи рафтори ғайриахлоқии сокини Панҷакент Ҳабибулло Гуловро қотеъона маҳкум намуда, изҳор медорад, ки номбурда узви ҲНИТ нест ва ба ҳизб ҳеҷ муносибате надорад. Дар ин робита ҲНИТ изҳор мекунад, ки ин амали мақомот идомаи туҳматпароканиҳои ғайриахлоқии онҳо алайҳи ҳизб дар остонаи […]

ASIA-Plus



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гузориши рӯзи 25-уми август тариқи шабакаҳои давлатии телевизион пахшшуда дар бораи рафтори ғайриахлоқии сокини Панҷакент Ҳабибулло Гуловро қотеъона маҳкум намуда, изҳор медорад, ки номбурда узви ҲНИТ нест ва ба ҳизб ҳеҷ муносибате надорад.

Дар ин робита ҲНИТ изҳор мекунад, ки ин амали мақомот идомаи туҳматпароканиҳои ғайриахлоқии онҳо алайҳи ҳизб дар остонаи интихоботи парлумонӣ аст.

«Раҳбарияти ҲНИТ баъд аз тафтиши рӯйхати ягонаи аъзои ҳизб ва дар мувофиқа бо гуфтаҳои масъулини хеш дар Панҷакент изҳор медорад, ки Нуралиев Ҳабибуллоҳ Гулович, сокини ин ноҳия узви ҳизби мо нест», – гуфта мешавад дар изҳороти интшоршудаи ҳизб.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоле ки мақомот дар ин гуна барномаҳои худ амали шахсҳоеро “бадномкунанда” мегӯянд, вале худ амали бадномкунӣ ва туҳматомезро дар ҳаққи дигарон раво мебинанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.