Талаби 10 соли зиндон ба қотили хонандаи мактаб

Дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи куштори хонандаи мактаби таҳсилоти умумии №54-и пойтахт Бурҳониддин Зарифов дар суди ноҳияи Сино айбдоркунандаи давлатӣ аз суд талаб кард, ки гунаҳкори асосии ин куштор ба 10 соли зиндон маҳкум карда шавад. Дар ин мурофиа 11 нафар дар курсии айбдорӣ ҷавоб мегӯянд. Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн муноқишаи […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи куштори хонандаи мактаби таҳсилоти умумии №54-и пойтахт Бурҳониддин Зарифов дар суди ноҳияи Сино айбдоркунандаи давлатӣ аз суд талаб кард, ки гунаҳкори асосии ин куштор ба 10 соли зиндон маҳкум карда шавад. Дар ин мурофиа 11 нафар дар курсии айбдорӣ ҷавоб мегӯянд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт

ба кордзанӣ табдил ёфта

, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт. Баъдан гунаҳкори асосӣ Бобоҷон Ҳомидови 17-сола

ба гуноҳаш иқрор шуда

, ба ҳабс гирифта шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ Фирӯз Бобохонов зимни сухаронӣ аз суд Абдукарим Холиқов тақозо намуд, ки Бобоҷон Ҳомидови 17-сола, ки пас аз синфи 9-ум мактабро тарк карда, дар ҷое таҳсил намекунад, мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 237 (Авбошӣ)-и КҶ ҶТ ба муҳлати 10 сол аз озордӣ маҳрум карда шавад.

Ҳамчунин прокурор талаб кард, ки нисбати дигар иштирокчиёни ин муноқиша навъҳои гуногуни ҷазо, аз ҷумла нисбати Комрон Холов ва Сино Қаҳҳоров ҷазои ба муддати 160 соат ба корҳои маҷбурӣ ҷалб намудан татбиқ гардад.

Нисбати Аъзамҷон Рабиев, Алимат Алиназаров, Толибхон Авазов, Беҳрӯз Одинаев, Маҳмадшариф Ҳомидов, Баҳрулло Асоев, Ҷамолиддин Холназаров, Икром Холназаров ва Собир Солеҳов прокурор аз суд дархост намуд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар ҳаҷми 1000 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳандаи ҳисоб – 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.