Изҳороти ҲНИТ дар бораи идомаи бадномкунии ҳизб қабл аз интихобот



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гузориши рӯзи 25-уми август тариқи шабакаҳои давлатии телевизион пахшшуда дар бораи рафтори ғайриахлоқии сокини Панҷакент Ҳабибулло Гуловро қотеъона маҳкум намуда, изҳор медорад, ки номбурда узви ҲНИТ нест ва ба ҳизб ҳеҷ муносибате надорад.

Дар ин робита ҲНИТ изҳор мекунад, ки ин амали мақомот идомаи туҳматпароканиҳои ғайриахлоқии онҳо алайҳи ҳизб дар остонаи интихоботи парлумонӣ аст.

«Раҳбарияти ҲНИТ баъд аз тафтиши рӯйхати ягонаи аъзои ҳизб ва дар мувофиқа бо гуфтаҳои масъулини хеш дар Панҷакент изҳор медорад, ки Нуралиев Ҳабибуллоҳ Гулович, сокини ин ноҳия узви ҳизби мо нест», – гуфта мешавад дар изҳороти интшоршудаи ҳизб.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоле ки мақомот дар ин гуна барномаҳои худ амали шахсҳоеро “бадномкунанда” мегӯянд, вале худ амали бадномкунӣ ва туҳматомезро дар ҳаққи дигарон раво мебинанд.

spot_imgspot_img

Популярное