Мақомоти милисаи Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Русияро ба гумони даст доштан дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, шаҳрвандони Русия Илдар Сахапови 24-сола, собиқ сардори гурӯҳи қисми ҳарбии 31691-и пойгоҳи ҳарбии 201-и Вазорати мудофиаи Русия дар Тоҷикистон ва Федор Басимови 24-сола, муовини командири взводи қисми ҳарбии 31691-и пойгоҳи мазкур дастгир карда шуданд. Онҳо дар куштори сокини шаҳри Душанбе Раҳимҷон Тешабоеви 36-сола гумонбар дониста мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, нимашаби рӯзи 9-уми август дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷасади Раҳимҷон Тешабоев бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати онҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар ҳамин ҳол, полковник Ярослав Рошупкин, намояндаи расмии Ҳавзаи низомии марказӣ дар шарҳи ин масъала изҳор кард, ки айни замон пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҷиҳати санҷиши даст доштани яке аз хизмтчиёни ҳарбии пойгоҳ ба ин куштор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.



