Ҷамъоварии беш аз 680 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона

То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 680 ҳазор тонна  ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум тақрибан дар майдони 310 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст. Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони қариб 252 […]

Пайрав Чоршанбиев



То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 680 ҳазор тонна  ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум тақрибан дар майдони 310 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони қариб 252 ҳазор гектар (81,2%) ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 28 сентнерро ташкил медиҳад. «Айни замон ба ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона 130 адад мобайн сафарбар шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони 315,4 ҳазор гектар кишт шуда, 891,5 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Тибқи дурнамо, имсол дар Тоҷикистон 1 млн. 300 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 890 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оварданианд. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. 

Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, аз ин ҳаҷм ҳудуди 70% аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.