Иштироки 9 намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо, ки рӯзи 25-уми август дар шаҳри Челябински Русия шурӯъ шуд, беш аз 700 варзишгар (мардону занон) аз 110 кишвар ширкат доранд. Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо, ки рӯзи 25-уми август дар шаҳри Челябински Русия шурӯъ шуд, беш аз 700 варзишгар (мардону занон) аз 110 кишвар ширкат доранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. Инчунин барои ду маҷмӯи медалҳо сабқати дастаӣ баргузор мешавад. Мусобиқа то рӯзи 31-уми август идома хоҳад кард.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд: Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарход Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).

Рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов ва Расул Абдушарифов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ  ширкат карданд, вале аз  ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби ду медали тилло ва ду нуқра пешсаф аст.

Мувофиқи барномаи мусобиқа, рӯзи 27-уми август мардон дар вазни то 73кг, занон дар вазни то 57 кг; 28-уми август мардон дар вазни то 81 кг, занон дар вазни то 63 кг; рӯзи 29-уми август мардон дар вазни то 90 кг, занон дар вазни 70 ва 78 кг ва рӯзи 30-юми август мардон дар вазни то 100 кг ва беш аз 100 кг, занон дар вазни беш аз 78 кг рақобат мекунанд. Сабқати дастаӣ рӯзи якшанбе, 31-уми август, барпо мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.