Боздиди хайрбодии роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ аз ВКД

Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сардори  Намояндагии Хазинаи кудакони  Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лайлӣ Мошириро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хонум Лайлӣ Моширӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону ноболиғон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, […]

ASIA-Plus



Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сардори  Намояндагии Хазинаи кудакони  Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лайлӣ Мошириро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хонум Лайлӣ Моширӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону ноболиғон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дода шудааст, ки дар самти мазкур бо ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд.

Хонум Лайлӣ Моширӣ дар навбати худ изҳор намуд: «Ба наздикӣ фаъолияти ман ҳамчун сардори Намояндагии Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, бинобар ин мехоҳам бо арзи адаб ба Шумо барои таваҷҷӯҳи вежа зоҳир намудан ба ин самти муҳими ҷомеа – масоили кӯдакон ва ҳамкориҳои самаранок изҳори сипос намоям».

Гуфта мешавад, дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз густариш ёфтани ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.