Монеъагузории мақомот дар баргузории ҷаласаи сайёри ҲНИТ дар НТМ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки мақомоти маҳалли дар водии Рашт дар баргузории ҷаласаи моҳонаи шуъбаи мазкур монеагузориҳои сунъӣ  эҷод карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ аз қавли Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ (НТМ), ҷаласаи моҳонаи сайёри ин шуъба бояд фардо дар дафтари кории бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол […]

ASIA-Plus



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки мақомоти маҳалли дар водии Рашт дар баргузории ҷаласаи моҳонаи шуъбаи мазкур монеагузориҳои сунъӣ  эҷод карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ аз қавли Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ (НТМ), ҷаласаи моҳонаи сайёри ин шуъба бояд фардо дар дафтари кории бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол баргузор мегардид, аммо бо сабаби “даъват” шудани раиси бахши ҲНИТ, Қурбоналй Саидмуродов ба дафтари шуъбаи амнияти миллии ноҳия ва ҳамчунин ба сабаби даъвои раиси “Тоҷикматлубот”-и Ҷиргатол, ки дафтари ҳизб дар бинои марбут ба ин ниҳод воқеъ аст, барои бекор кардани иҷораи дафтар, ҷаласаи мазкур дар ин ноҳия баргузор нахоҳад шуд.

Раҳматуллоҳи Раҷаб гуфтааст, ки ин шуъба ҷаласаро дар яке аз навоҳии минтақаи Рашт баргузор хоҳад кард, аммо ба сабаби шуниди муколамаҳо тарафи мақомот ҷои ҷаласаро мушаххас накард.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод, ки интизор мерафт дар ҷаласаи мазкур ширкат кунад, аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур ба дафтари ин ниҳод “даъват” шуда, то ҳол дар дафтари ШКД мебошад ва ШКД-и ноҳия “даъват”-ро ба кадом мушкили ҳамсоягй рабт медиҳад, аммо ба гуфтаи шоҳидон, ҳадаф аз он монеи ширкат кардани ӯ дар ҷаласаи мазкур шудан аст.

Зимнан зикр мегардад, ки масъулини шубаи ҲНИТ дар НТМ, ки феълан дар минтақаи Рашт барои ширкат дар ҷаласа қарор доранд, аз бозҷӯӣ ва талаби шиноснома дар ҳар постаи бозрасӣ аз тарафи милитсаҳо нигаронӣ карда, ин амали мақомотро тарҳрезишуда баҳри баргузор нашудани ҷаласа медонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.