БМТ: Тоҷикистон давлати хатарнок дар самти пулшӯӣ нест

Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи интишоршуда дар сомонаҳои «Озодӣ» ва «Азия- плюс»” оиди дар рӯйхати даҳгонаи давлатҳои хатарнок дар самти пулшӯӣ ва маблағгузори терроризм қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон посухи мухтасар интишор намуд. Дар он қайд мешавад, ки муаллифони нашрияҳои номбурда ҳангоми омӯзиши масъалаҳои мазкур маълумотҳои аллакай куҳнашудаи солҳои 2011-2012 –ро мавриди таҳлил қарор […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи интишоршуда дар сомонаҳои «Озодӣ» ва «Азия- плюс»” оиди дар рӯйхати даҳгонаи давлатҳои хатарнок дар самти пулшӯӣ ва маблағгузори терроризм қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон посухи мухтасар интишор намуд.

Дар он қайд мешавад, ки муаллифони нашрияҳои номбурда ҳангоми омӯзиши масъалаҳои мазкур маълумотҳои аллакай куҳнашудаи солҳои 2011-2012 –ро мавриди таҳлил қарор додаанд.

«Воқеъан, дар он солҳо қонунгузории ҷумҳурӣ ба талаботи тавсияҳои Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) пурра мутобиқ набуданд ва ҷараёни мутобиқгардонии онҳо шуруъ шуда буд. Дар давоми солҳои 2013-2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои зиёдеро андешид ва қонунугзории хешро пурра ба талаботи тавсияҳои ФАТФ мутобиқ намуд», – омадааст дар посух.

Хотиррасон мешавад, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷаласаи 20 Пленарии Гурӯҳи Евросиё ҷараёни рушди низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода баррасӣ гардид ва бо назардошти корҳои анҷомдода тибқи изҳороти умумии ҷаласаи номбурда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти реҷаи “мониторинги қатъӣ” бароварда шуда, ба реҷаи “мониторинги муқаррарӣ” дохил карда шуд.

«Ҳамзамон, Котиботи ФАТФ дар ҷаласаи навбатии худ, ки моҳи июни соли равон баргузор намуда буд, ин комёбии ҷумҳуриро оиди ҷамъбасти рушди низоми мазкур тасдиқ кард ва хулосаи хешро барои баланд бардоштани мавқеъи Тоҷикистон дар ин ҷода эълон намуд», – зикр мегардад дар хабари Бонки миллии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл

дар рейт



инги

кишварҳои дорои хатари зиёди пулшӯйӣ, ки тариқи ҷинояткорӣ, терроризм ва маблағгузорӣ ба терроризм ба даст омадааст, Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуд. Рейтинги «


The Basel AML Index 2014


» аз ҷониби  Пажӯҳишгоҳи шаҳри Базели Швейтсария омода гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.