Боздошти 2 шаҳрванди Русия ба гумони қатли сокини Душанбе

Мақомоти милисаи Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Русияро ба гумони даст доштан дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон боздошт намуданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, шаҳрвандони Русия Илдар Сахапови 24-сола, собиқ сардори гурӯҳи қисми ҳарбии 31691-и пойгоҳи ҳарбии 201-и Вазорати мудофиаи Русия дар Тоҷикистон ва Федор Басимови 24-сола, муовини командири взводи қисми ҳарбии 31691-и пойгоҳи мазкур […]

Ҳумайро Бахтиёр



Мақомоти милисаи Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Русияро ба гумони даст доштан дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, шаҳрвандони Русия Илдар Сахапови 24-сола, собиқ сардори гурӯҳи қисми ҳарбии 31691-и пойгоҳи ҳарбии 201-и Вазорати мудофиаи Русия дар Тоҷикистон ва Федор Басимови 24-сола, муовини командири взводи қисми ҳарбии 31691-и пойгоҳи мазкур дастгир карда шуданд. Онҳо дар куштори сокини шаҳри Душанбе Раҳимҷон Тешабоеви 36-сола гумонбар дониста мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, нимашаби рӯзи 9-уми август дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷасади Раҳимҷон Тешабоев бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати онҳо корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, полковник Ярослав Рошупкин, намояндаи расмии Ҳавзаи низомии марказӣ дар шарҳи ин масъала изҳор кард, ки айни замон пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҷиҳати санҷиши даст доштани яке аз хизмтчиёни ҳарбии пойгоҳ ба ин куштор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.