Фонди дастгирии соҳибкорӣ 9 лоиҳаро маъқул шуморид



Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» дар Тоҷикистон қарор шуд, ки Фонд барои дастгирии 9 лоиҳа ба маблаги беш аз 3,7 млн. сомонӣ (ҳудуди 70 ҳазор $) қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, то санаи 1 августи соли 2014 ба “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” бештар аз 123 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ ворид гардидааст, ки ба шаҳри Душанбе – 5 адад, вилояти Суғд – 23, вилояти Хатлон – 5, ВМКБ – 19 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 адад рост меояд.

«Бо дарназардошти имкониятҳои молиявии Фонд ва ба талаботҳои қарзгирӣ ҷавобгӯ будан, дар ҷаласаи Шӯро 18 лоиҳаи аз нигоҳи иқтисоди афзалиятнок баррасӣ шуда,  тибқи овоздиҳӣ 9 дархости субъектҳои соҳибкорӣ оид ба ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ  аз ҳисоби Фонд дастгирӣ карда шуд», – омадааст дар хабари Кумита.

Дар Кумита бар ин назаранд, ки чунин тадбирҳо ба рушди саноати истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар кумак карда, баҳри таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти маҳаллӣ имкон фароҳам месозанд.

Ёдрас мекунем, ки Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» дар Тоҷикистон соли гузашта таъсис дода шуд. Шурӯъ аз оғози фаъолият Фонд ҳудуди 200 лоиҳаҳоро баррасӣ намуда, амалисозии беш аз 40-тои онҳоро бо ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок аз буҷети давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 35 млн. сомонӣ дастгирӣ кард.

spot_imgspot_img

Популярное