Омодагии доираҳои соҳибкорӣ ба вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи 26-уми августи соли ҷорӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим бо роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон раиси Кумита соҳибкоронро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар вохӯрии мазкур намояндагон аз 30 ассотсиатсия ва ташкилотҳое, ки дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ фаъолият доранд […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26-уми августи соли ҷорӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим бо роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон раиси Кумита соҳибкоронро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар вохӯрии мазкур намояндагон аз 30 ассотсиатсия ва ташкилотҳое, ки дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ фаъолият доранд ширкат намуданд.

«Мақсади вохӯрӣ асосан аз ривоҷи ботадриҷи ҳамкориҳои мутақобила байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мулоқоти президенти Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ иборат буд», – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, инчунин дар доираи мулоқот омодагӣ ба Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт”, ки дар нимаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми маҷлис Раиси Кумита ҳамаи роҳбарони ассотсиатсияҳоро ба ҳамкории судманд даъват намуда, иброз доштанд, ки таклифҳои худро ба таври хаттӣ асоснок намуда, ба унвони Кумита пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.