С.Лавров Тоҷикистонро яке иттифоқчиёни Русия унвон кард

Зимни вохӯрӣ бо иштирокчиёни Форуми умумрусиягии ҷавонон таҳти унвони «Селигер-2014» вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Тоҷикистонро яке иттифоқчиёни Русия унвон кард. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости Лавров гуфтааст, ба сафи иттифоқчиёни Русия кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД), шарикони Русия дар лоиҳаҳои ҳамгиройии авруосиёӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва БРИКС шомиланд. Дар ҳамин ҳол, […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрӣ бо иштирокчиёни Форуми умумрусиягии ҷавонон таҳти унвони «Селигер-2014» вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Тоҷикистонро яке иттифоқчиёни Русия унвон кард.

Бино ба иттилои хабаргузории

РИА Новости

Лавров гуфтааст, ба сафи иттифоқчиёни Русия кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД), шарикони Русия дар лоиҳаҳои ҳамгиройии авруосиёӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва БРИКС шомиланд.

Дар ҳамин ҳол, вазир қайд кардааст, ки дар масъалаи назари дигар доштани иттифоқчиёнаш аз рӯи баъзе масъалаҳо нисбат ба Маскав, Русия ҳеҷ ташвише надорад. «Масалан, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҳамеша ва дар ҳама ҷо як хел раъй медиҳанд. Иттифоқчиёни Русия киҳоянд? Мо иттифоқчиёни зиёде дорем. Вақте ба мо мегӯянд, ки итттифоқчиёни шумо дар СААД на ҳамеша бо Русия яксон овоз медиҳанд, мо аз ин ҳеҷ фоҷеае намесозем. Дар НАТО ҳама гуна иқдом ба ҷонибе, изҳори андешаи дигар муҷозот мешавад», – зикр кардааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки ба СААД – давлатҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Беларус, ба БРИКС – Бразилия, Ҳиндустон, Русия, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – Русия, Қазоқистон ва Беларус шомил мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.