Нокомии 4 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо 4 дзюдочии тоҷик ба нокомӣ дучор шуданд. Бино ба итттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар қувваозмоиҳои рӯзҳои 25-27-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов (вазни 60 кило), Расул Абдушарифов (66 кило), Самандар Қаландаров (66 кило) ва Саидмухтор Расулов (73 кило) дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ  ширкат карда,, вале […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо 4 дзюдочии тоҷик ба нокомӣ дучор шуданд.

Бино ба итттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар қувваозмоиҳои рӯзҳои 25-27-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов (вазни 60 кило), Расул Абдушарифов (66 кило), Самандар Қаландаров (66 кило) ва Саидмухтор Расулов (73 кило) дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ  ширкат карда,, вале аз  ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд: Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарход Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо, ки рӯзи 25-уми август дар шаҳри Челябински Русия шурӯъ шуд, беш аз 700 варзишгар (мардону занон) аз 110 кишвар ширкат доранд. Дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. Инчунин сабқати дастаӣ барои ду маҷмӯи медалҳо баргузор мешавад. Мусобиқа то рӯзи 31-уми август идома хоҳад кард.

Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби чор медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ пешсаф аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.