Суғд: Гумонбарии роҳбари кумитаи заминсозии шаҳри Истиқлол ба қаллобӣ

Роҳбари кумитаи заминсозии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба қаллобӣ ва ба ин восила азхудкунии 32 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни фаъолият ба ҳайси муҳандиси КВД «Суғдзаминсоз» аз соли 2002 то соли 2010 К.О. бо […]

Мавлуда Рафиева



Роҳбари кумитаи заминсозии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба қаллобӣ ва ба ин восила азхудкунии 32 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни фаъолият ба ҳайси муҳандиси КВД «Суғдзаминсоз» аз соли 2002 то соли 2010 К.О. бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба боварии А.И., сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада бо ваъдаи ҷудо кардани 0,10 га қитъаи замин барои шоликорӣ аз ӯ 15 ҳазор доллари ИМА маблағ мегирад ва онро барои эҳтиёҷоти худ масраф мекунад.

«Бо ҳамин восита ӯ аз сокини дигари ҳамин ноҳия А.Ф. низ 17 ҳазору 400 доллари ИМА гирифта, онро азхуд кардааст», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати роҳбари кумитаи заминсозии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд К.О. мутобиқи моддаи 247, қисми 4, банди «Б» (Қаллобии содиршуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 74 далели қаллобӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 47 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.