Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати шавҳари зани дар кошонаи ҳусн худро овехта

Мақомоти прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаева, ки дар ҷойи кориаш даст ба худкушӣ зад, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Зан худро дар ҷойи корӣ, дар толори яке аз кошонахои ҳусни пойтахт ба дор овехта буд. Прокурори ноҳияи Шоҳмансур Умед Каримзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбати Икром Сатторов, шавҳари […]

Мавзуна Абдуллоева



Мақомоти прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаева, ки дар ҷойи кориаш даст ба худкушӣ зад, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Зан худро дар ҷойи корӣ, дар толори яке аз кошонахои ҳусни пойтахт ба дор овехта буд.

Прокурори ноҳияи Шоҳмансур Умед Каримзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нисбати Икром Сатторов, шавҳари зани ҷавон мутобиқи моддаи 109 (Ба худкушӣ расонидан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бо ишора ба махфӣ будани сирри тафтишот, прокурор аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми август корманди кошонаи ҳусни «Фарида», воқеъ дар хиёбони Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, модари ду фарзанд Шаҳло Рустамхоҷаева ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ дарро аз дарун баста, худро ба дор овехта буд.



Акс аз радиои «Озодӣ»

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.