Ифтитоҳи студияи телевизион дар назди кафедраи журналистикаи ДДХ

Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров студияи телевизионии замонавӣ ба кор оғоз мекунад. Мудири кафедраи журналисткива ва назарияи тарҷумаи ДДХ Дилбар Самаадова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сутияи телевизион бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос ва бисёрсоҳаи журналистика боз шуда, ояндаи […]

ASIA-Plus



Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров студияи телевизионии замонавӣ ба кор оғоз мекунад.

Мудири кафедраи журналисткива ва назарияи тарҷумаи ДДХ Дилбар Самаадова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сутияи телевизион бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос ва бисёрсоҳаи журналистика боз шуда, ояндаи наздик дар заминаи он кафедраи телевизион ва радио кушода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, студияи телевизионӣ бо маблағи ҳудуди 60 ҳазор сомонӣ ташкил гардида, он пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Д.Самадова ҳамчунин зикр кард, ки таъсиси чунин студияи телевизиониро омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра дер боз интизорӣ доштанд ва бо мусоидати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва ректори ДДХ Ғафур Усмонов ин орзу ҷомаи амал пӯшид.

Зимнан зикр гардид, ки минбаъд маводи таҳиянамудаи журналистони ин студия тариқи телевизионҳои маҳаллии «СМ-1», «Азия», «Танин» ва «ТВ-Суғд» намоиш дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.