Иштироки президент дар маросими ифтитоҳи шифохонаи хусусӣ дар Ваҳдат

Дар доираи сафари крӣ ба шаҳри Ваҳдат президенти мамлакат ба дараи зебоманзари Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Тангаӣ шифохонаи хусусии Парасторро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, чунонки аён гардид, ин шифохонаи зебою муосир бо 100 кати хоб барои беморон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холиқов сохта […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари крӣ ба шаҳри Ваҳдат президенти мамлакат ба дараи зебоманзари Ромити шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Тангаӣ шифохонаи хусусии Парасторро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, чунонки аён гардид, ин шифохонаи зебою муосир бо 100 кати хоб барои беморон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холиқов сохта шудааст.

Бинои шифохона дуошёна буда, барои бунёдаш 11 500 000 сомонӣ масраф шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар бо кор машғул буд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур наздики 100 нафар дар он бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ҳоло ин шифохона дорои шуъбаҳои умумитиббӣ ва кӯдакона буда, барои хизматрасонии босифати тиббӣ ба наздики 80 ҳазор аҳолии 4 ҷамоати деҳоти воқеъ дар дараи зебои Ромит пешбинӣ шудааст.

Соҳибкор Акрам Холиқов тасмим дорад, ки оянда дар паҳлӯи ин бино ҳамчунин як бинои сеошёнаи дигар барои шуъбаи муосири ҷарроҳӣ бунёд намояд. Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор уҳдадор шуд, ки оянда то ба 50 нафар маъюбони ин минтақа ройгон хизмат расонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.