Қотили хонандаи мактаб ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд



Суди ноҳияи Синои пойтахт айбдоркунандаи асосӣ дар қатли Бурҳониддин Зарифов, хонандаи мактаби №66-и пойтахт, Бобоҷон Ҳомидовро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард.

Бобоҷон Ҳомидови 17-сола мутобиқи моддаҳои 110 (Барқасдона расонидани зарари ҷисмонии вазнин) ва 237 (Авбошӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф гардид.  Дар ин мурофиа 11 нафар дар курсии айбдорӣ ҷавоб гуфтанд, ки дар муноқишаи ба марг анҷомида иштирок доштанд.

Ҳамин тариқ, ба Комрон Холов, Сино Қаҳҳоров, Алибахш Алиназаров, Толибхон Авазов, Беҳрӯз Одинаев, Маҳмадшариф Ҳомидов ҷазои ба муддати 160 соат ба корҳои маҷбурӣ ҷалб намудан таъин шуд.

Мутобиқи моддаи авбошӣ, Аъзамҷон Рабиев, Баҳрулло Асоев, Икром Холназаров, Солеҳ Солеҳов дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб ва Ҷамолиддин Холов дар ҳаҷми 500 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳандаи ҳисоб 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ шуданд.

Дар мурофиаи суди охирин айбдоркунандаи давлатӣ аз суд талаб карда буд, ки гунаҳкори асосии ин куштор Бобоҷон Ҳомидови 17-сола, ки пас аз синфи 9-ум мактабро тарк карда, дар ҷое таҳсил намекунад,

ба 10 соли зиндон

маҳкум карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн муноқишаи толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт

 ба кордзанӣ табдил ёфта

, бо ҳалокати яке аз онҳо анҷом пазируфт. Баъдан гунаҳкори асосӣ Бобоҷон Ҳомидови 17-сола

 ба гуноҳаш иқрор шуда

, ба ҳабс гирифта шуд.

spot_imgspot_img

Популярное