Рӯзи 27-уми августи соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф нусхаи Эътимодномаро супорид.
Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ёдовар шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон барои Ҷумҳурии Исломии Эрон шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, инчунин омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки он дар ҷаласаи Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (11-12 сентябр 2014) табодули назар намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз таъин шудани Сафири нави Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид кард, ки барои беҳтар шудани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд. Инчунин соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхайро мусбат арзёбӣ намуда, ҷойгоҳи ин Созмонро дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.



