Оғози фаъолияти сафири нави Тоҷикистон дар Теҳрон

Рӯзи 27-уми августи соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф нусхаи Эътимодномаро супорид. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ёдовар шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон барои Ҷумҳурии Исломии […]

ASIA-Plus



Рӯзи 27-уми августи соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф нусхаи Эътимодномаро супорид.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ёдовар шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон барои Ҷумҳурии Исломии Эрон шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушду таҳкими  минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, инчунин омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки он дар ҷаласаи Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (11-12 сентябр 2014) табодули назар намуданд.

Вазири корҳои  хориҷии Эрон аз таъин шудани Сафири нави Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид кард, ки барои беҳтар шудани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд. Инчунин соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхайро мусбат арзёбӣ намуда, ҷойгоҳи ин Созмонро дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.