ИМА ба АНМН ба маблағи 576 ҳазор $ таҷҳизот тақдим кард

Рӯзи 28-уми августи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маросими супоридани таҷҳизот барои Агентӣ ба маблағи 576 ҳазор доллари ИМА баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, таҷҳизоти мазкур дар доираи кӯмаки Барнома оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон супорида шуд ва он […]

ASIA-Plus



Рӯзи 28-уми августи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маросими супоридани таҷҳизот барои Агентӣ ба маблағи 576 ҳазор доллари ИМА баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, таҷҳизоти мазкур дар доираи кӯмаки Барнома оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон супорида шуд ва он аз воситаҳои алоқа, тоскулоҳ, камзӯли тирногузар, дастгоҳи мушоҳидаи шабона ва рӯзона, дурбин ва ғайра иборат мебошад.

Дар маросими имзои санади қабул муовини Директори Агентӣ полковник Ҳ. Маҳмудзода ва роҳбари Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Брент Пешта иштирок намуданд.

Дар нутқи худ Ҳ. Маҳмудзода Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро арзи сипос кард ва бовар намуд, ки ҳамаи таҷҳизоти супорида шуда дар фаъолияти ҳамарӯзаи Агентӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар самаранок истифода бурда мешавад.

Ҷаноби Пешта қайд намуд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон кӯшиш дорад ҳамкории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон васеътар намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.