Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта нахуствазири Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳимро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, зимни мулоқот нахуствазири кишвари ҳамсоя муҳиму рӯзмарра будани масоили марзӣ миёни кишварҳоро зикр карда, изҳор намуд, ки ҳалли ин масоил таваҷҷуҳи бештари дуҷонибаро тақозо мекунанд ва барои ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ, ба итмом расонидани кори минбаъдаи аломатгузорӣ ва таъйини хатти марз миёни кишварҳо зарур аст.
«Пас аз расидан ба истиқлолият миёни кишварҳои мо мушкилоти сиёсӣ мавҷуд набуда, муносибатҳои ҳамҷаворӣ хуб инкишоф меёбанд, ки густариши бештари онҳо зарур аст. Барои тавсеъаи ҳамкориҳои тичоративу иқтисодии дуҷониба ҳукумати Қирғизистон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки дар фурсати наздиктарин сохтмони роҳи Ӯш – Исфанаро ба охир расонад», – гуфтааст Ҷоомарт Оторбоев.
Ҳамчунин нахуствазири кишвари ҳамсоя гуфтааст, дар баробари ҳаллу фасли масоили марзӣ, минбаъд рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқи мақсад аст.
Дар навбати худ Иброҳим Азим низ густариши робитаҳои дуҷониба дар ҳама самтҳоро муҳим хонда, изҳори итминон кардааст, ки минбаъд ҳамкориҳо миёни кишварҳо густариши бештар пайдо хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Азим Иброҳим рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ба Бишкек сафар карда, рӯзи 28-уми август дар ҷаласаи навбатии комисссияи байниҳукуматии тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили дуҷониба иштирок кард.



