Машғулиятҳои амалии саҳроии сарбозону афсарони эҳтиётии ноҳияи Варзоб

Бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб машғулиятҳои амалии саҳроӣ аз рӯи омодагии сафарбарӣ доир шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар он беш аз 400 нафар аз ҷамоату деҳоти ин ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Афсарони Раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиа ва Комиссариати ҳарбӣ ба шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи ин […]

ASIA-Plus



Бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб машғулиятҳои амалии саҳроӣ аз рӯи омодагии сафарбарӣ доир шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар он беш аз 400 нафар аз ҷамоату деҳоти ин ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Афсарони Раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиа ва Комиссариати ҳарбӣ ба шаҳрвандони дар эҳтиёт будаи ин ноҳия, ки бори нахуст ба ин ҷамъомад ҷалб гардида буданд, тарзи ба қисмҳо ҷудо намудану насб кардани яроқҳои оташфишон, нишон гирифтану тир кушодан ва усулҳои истифодаи онро дар шароити дашту кӯҳсор мавриди омӯзиш доданд.

Гуфта мешавад, дар навбати хеш иштирокчиёни машғулиятҳо саҳроӣ, аз яроқҳои оташфишони сабуки ҷангӣ истифода карда, ҳадафи ба ҷамъомад пешбинишударо амалӣ намуданд. Бо назардошти он, ки натиҷаи машғулиятҳои саҳроӣ қонеъкунанда буд, масъулини Вазорати мудофиа, ба сатҳи дониши аксари иштирокчиёни ҷамъомади омодагии сафарбарӣ баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар доираи нақша чорабиниҳои пешбинишудаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва баҳри баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор доштаи шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ машғулиятҳои амалӣ саҳроӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.