Иди асалу харбуза дар пойтахт рӯзи шанбе доир мегардад

Бо дастгирии ташаббуси Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 30-юми август дар пойтахт баргузор намудани иди ҳамасолаи асал ва харбуза қарор ба имзо расонид. Бино ба итиилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин чорабинӣ аз соати 7-и субҳ то 18-и шомгоҳон дар бозорҳои нисбатан бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи […]

Аваз Юлдошев



Бо дастгирии ташаббуси Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 30-юми август дар пойтахт баргузор намудани иди ҳамасолаи асал ва харбуза қарор ба имзо расонид.

Бино ба итиилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин чорабинӣ аз соати 7-и субҳ то 18-и шомгоҳон дар бозорҳои нисбатан бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт – «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло» ва «Деҳқон» баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ин чорабинӣ ба сохторҳои марбута, раисони ноҳияҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт дастуру супоришҳои дахлдор додааст.

Дар ин бозорҳо ба харидорон навъҳои беҳтарини асал ва харбуза пешкаш гардида, маъмулан навъҳои дигари маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш бароварда мешаванд.

Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии «Асали тоҷик», нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 500 тонна асал истеҳсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ин чорабинӣ  дар пойтахт занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ  зиёда аз 115 тонна асал ва зироаткорон зиёда  аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбузаи хуштамъу болаззатро пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида буданд.

Гуфта мешавад, дар баробари асал ва харбуза инчунин дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 230 тонна, аз ҷумла тарбуз, картошка, пиёз, помидор, бодиринг, сабзӣ, каду, себ, нок, боймиҷон, шарбати мева, гӯшт ва тухм ба фурӯш гузошта шуд. Маҳсулотҳои зикргардида нисбати нархҳои бозор ба андозаи 20-30 фоиз арзон ба фурӯш бароварда шуда буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.