Тибқи маълумоти омори бонкӣ, дар моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32,1 фоиз зиёд шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ба аввали моҳи августи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо беш аз 8,8 млрд. сомонӣ (ҳудуди 1,8 млрд. $)-ро ташкил намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, зиёда аз 3,8 млрд. сомониро ташкил дода, ҳиссаи он дар бақияи умумии қарзҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз зиёд гаштааст.
Дар маълумоти БМТ таъкид мешавад, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,1 фоиз афзудааст. Аз ин маблағ 657,2 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,0 фоиз зиёд мебошад.



