– Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба баргузории амалиёти сулҳовар дар Украина ваколат надорад, зеро Киев узви ин созмон нест, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» сиёсатмадори тоҷик, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ва вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов.
Сиёсатмадори тоҷик таъкид дошт, ки СААД ба вазъ танҳо дар сурати таҳдиди ошкоро ба яке аз кишварҳои узви созмон дахолат карда метавонад.
Раиси ҲКТ маълумоти интишоршуда аз ҷониби чанде аз ВАО-и Русия дар бораи изҳороти дабири кулли СААД Николай Бордюжа оид ба имкони истифодаи нерӯҳои сулҳовари СААД дар қаламрави берун аз ҳудуди кишварҳои узви СААД бо шумули Украинаро рад кард.
Дар ҳамин ҳол, торнамои расмии СААД дар шарҳи маълумоти интишоршуда оид ба изҳороти дабири кулли СААД дар робита ба ин мавзӯъ зикр мекунад, ки имкони истифодаи нерӯҳои сулҳовари СААД ба салоҳияти Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дохил мешавадл, ки аз сарони кишварҳои узви СААД иборат аст.
Бо қарори муштараки онҳо ва мутобиқи созишномаҳои мавҷуда, нерӯҳои сулҳовари СААД метавонанд ҳам дар қаламрави кишварҳои узви созмон ва ҳам дар ҳудуди берун аз он амал кунанд.
«Вале барои истифодаи онҳо дар қаламрави берун аз ҳудуди минтақаи амнияти дастаҷамъии СААД бояд ҳатман ваколати Шӯрои амнияти СММ дастрас карда шавад», – изҳор кард Николай Бордюжа дар посух ба савол оид ба имкони истифодаи нерӯҳои сулҳовари СААД баҳри хотима бахшидан ба куштори мардуми осоишта дар низоъи шарқи Украина.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.



