Адвокати Қудратов бо раиси Агентии зиддифасод мулоқот кард

Пас аз муроҷиати Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба президенти мамлакат, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб бо ӯ мулоқот кард. Раиси ҲСДТ, роҳбари Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, ки аз манфиатҳои адвокат Шуҳрат Қудратов ҳимоя мекунад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар мулоқот бо Абдуфаттоҳи Ғоиб ҷузъиёти […]

Маҳастии Дӯстмурод



Пас аз муроҷиати Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба президенти мамлакат, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб бо ӯ мулоқот кард.

Раиси ҲСДТ, роҳбари Консорсиуми юридикии Тоҷикистон, ки аз манфиатҳои адвокат Шуҳрат Қудратов ҳимоя мекунад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар мулоқот бо Абдуфаттоҳи Ғоиб ҷузъиёти парвандаи марбут ба зерҳимояаш Шуҳрат Қудратовро баррасӣ кардаанд. «Ҳамчунин масъалаи шаффофона ҷараён гирифтани тафтишоти пешакӣ ва судии парвандаро низ баррасӣ кардем», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи Зойиров, ҳамчунин мувофиқа ҳосил шудааст, ки ба парвандаи Қудратов кинаву хусумати шахсии тарафҳо таъсиргузор нахоҳад буд.

«А.Ғоиб зикр кард, ки ин вохӯрӣ барои ҳамкории ниҳодҳои мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва сохторҳои давлатӣ ҳамчуни пул хизмат хоҳад кард. Ӯ қайд кард, ки мо як ҳадаф дорем – мубориза бо ҷинояткорӣ. Ин вохӯрӣ як қадами муайян ба ҳамкории созанда аст», – афзуд Зойиров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.