Ҳакимов: Эҳтимоли ҷалби шаҳрвандони кирояи тоҷик ба низоъ дар Украина бузург аст

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба рӯйдодҳои ахири Украина ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки эҳтимоли ҷалби шаҳрвандони кирояи тоҷик ба низоъи мусаллаҳона дар Украина бузург аст. Ҳуқуқшинос бар ин назар аст, ки сатҳи пасти зиндагии аксари аҳолии кишвар ва бекорӣ  метавонанд гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ивази пардохти […]

Аваз Юлдошев



Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба рӯйдодҳои ахири Украина ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки эҳтимоли ҷалби шаҳрвандони кирояи тоҷик ба низоъи мусаллаҳона дар Украина бузург аст.

Ҳуқуқшинос бар ин назар аст, ки сатҳи пасти зиндагии аксари аҳолии кишвар ва бекорӣ  метавонанд гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ивази пардохти маблағ аз ҷониби доираҳои манфиатдори Русия ва Украина, ба иштирок бо яроқ дар даст дар низоъи мусаллаҳонаи шарқи Украина таҳрик бидиҳанд.

«Имрӯз муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, ки шуморашон беш аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад, барои ҷалб ба низоъи Украина осебпазиранд ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ бо ҳимоя таъмин набудани онҳо ба ин мусоидат мекунад», – иброз дошт Ш.Ҳакимов.

Муовини раиси ҲСДТ мутмаин аст, ки муҳоҷиронро баҳри иштирок дар муноқишаи Украина ҳам доираҳои муайяни Украина ва ҳам Русия сафарбар карда метавонанд.

Ӯ зикр кард, ки аз мавқеъи имрӯзаи ҳукумати расмии Тоҷикистон нисбати буҳрони Украина комилан ҷонибдорӣ мекунад.

«Ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ миёни Тоҷикистону Украина муносиботи ҳамкориву дӯстона роҳандозӣ шудааст ва ҳукумати моро зарур аст, ки онҳоро гиромӣ», – афзуд Шокирҷон Ҳакимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.