Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав аз зарби корд

Бар асари як муноқиша дар тарабхонаи шаҳри Маскав бо номи «Лунф ноч» шаҳрванди Тоҷикистон Назаров Дилшод Далерович аз зарби корд ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расид. Дар ин бора дар торнамои расмии ҳаракати ҷамъияти умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» хабар дода мешавад. Тибқи иттилои расида ба телефони ҳаракат рӯзи 31-уми март соати 4-и субҳ, сокини деҳаи Сайёди […]

ASIA-Plus



Бар асари як муноқиша дар тарабхонаи шаҳри Маскав бо номи «Лунф ноч» шаҳрванди Тоҷикистон Назаров Дилшод Далерович аз зарби корд ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расид. Дар ин бора дар торнамои расмии ҳаракати ҷамъияти умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» хабар дода мешавад.

Тибқи иттилои расида ба телефони ҳаракат рӯзи 31-уми март соати 4-и субҳ, сокини деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс Назаров Дилшод Далеровичи 22-сола дар натиҷаи задухӯрди рухдода миёни ҳамдиёрон, зодагони Тоҷикистон аз зарби корд ҷароҳат бардошта, каме баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

«Кормандони шуъбаи тафтишоти ноҳияи Водний ҷиҳати боздошти ҷинояткори ғайбзада тадбир меандешанд. Шахсияти кушторро содирнамуда муайян карда мешавад», – омадааст дар иттилои торнамо.

Зимнан зикр мегардад, ки ахиран ҳодисаҳои куштор миёни муҳоҷирон дар ҳоли афзоиш қарор дошта, муноқишаҳои миёни ҷавонон аксаран ба кордкашӣ анҷом мепазиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.