Аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо мунтахаби Тоҷикистон бе медал баргашт

Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки аз 25 то 31-уми август дар шаҳри Челябински Русия доир гардид, намояндагони Тоҷикистон ягон медал ба даст оварда натавонистанд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, 9 варзишгари ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Ба ҳайати […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки аз 25 то 31-уми август дар шаҳри Челябински Русия доир гардид, намояндагони Тоҷикистон ягон медал ба даст оварда натавонистанд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, 9 варзишгари ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомил буданд: Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарход Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).

Дар мусобиқаи умумидаставӣ тими мунтахаби Ҷопон бар дастаи соҳибони майдон дастболо шуда, ғолиби мусобиқа дониста шуд. Русия мақоми дуюм ва дастаҳои Олмону Гурҷистон ба медалҳои биринҷӣ сазовор гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо дар Русия аз 110 кишвари дунё 639 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Дар мусобиқа барои 14 маҷмӯаи медалҳо қувваозмоиҳо сурат гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.