Ҳакимов: Навсозии парлумон ба иродаи сиёсии президент вобаста аст



– Интихоби вакилони нав ба парлумони Тоҷикистон ва навсозии симои парлумони кишвар пеш аз ҳама ба иродаи сиёсии президенти мамлакат, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲСДТ, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов.

Сиёсатмадор мутмаин аст, ки барои ба парлумон ворид шудани вакилони нав бо ақидаву андешаҳои тоза қабл аз ҳама аз таҳти назорати ҳукумат ва президент берун овардани комиссияҳои интихоботӣ ва тасҳеҳи қонунгузории интихоботии кишвар дар қисмати роҳ додани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба узвият дар қитъаҳои интихоботӣ зарур аст.

«Шарти асосии навсозии парлумони касбии Тоҷикистон ба ваъдаҳои доимӣ вафо кардани ҳукуматдорон дар бораи баргузор кардани интихоботи шаффофу демократӣ мебошад», – қайд кард сиёсатмадор.

Ба қавли номбурда, дар сурати ба иҷро расидани меъёрҳои дар боло зикршуда, дар парлумони ояндаи кишвар, ки интихобот ба он ахири моҳи феврали соли 2015 баргузор мегардад, беш аз 40%-и намояндагони мардумӣ аз ҳайати кунунии палатаи поёнии парлумон нав карда мешаванд. «Дар баробари ин, сифати қонунҳое, ки қабул карда мешаванд, хеле беҳтар мешавад», – афзуд Ш.Ҳакимов.

spot_imgspot_img

Популярное