Суди олии иқтисодӣ қарор нисбати «Тоҷик Азот»-ро бетағйир боқӣ гузошт

Date:



Санаи 4-уми сентябр Коллегияи кассатсионии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶСП КМ «ТоҷикАзот» ва саҳҳоми Ostark Ventures Limited-и Кипри онро баррасӣ намуд.

Аз Суди олии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки қарори Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз моҳи июни соли равон дар бораи ғайриқонунӣ ба тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ фурӯхта шудани саҳмияҳои корхона ва мутаносибан ғайриқонунӣ эътироф шудани муомилот дар ин хусус бетағйир боқӣ гузошта шуд.

«Пас аз 6 моҳи содир шудани қарор даъвогарон бо тартиби назоратӣ барои ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат намудан ҳуқуқ доранд», – гуфтанд дар Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи августи соли ҷорӣ намояндагони Дмитрий Фирташ изҳор намуда буданд, аз болои қарори Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бораи ғайриқонунӣ эътироф намудани муомилоти хариду фурӯши корхонаи муштараки «Тоҷиказот» ба зинаи болоии мақомоти судии Тоҷикистон

шикоят мебаранд.

Мурофиаи судӣ оид ба ин парванда рӯзи 23-юми июн дар 

Суди иқтисодии вилояти Хатлон

 доир гардида, худи ҳамин рӯз оид ба даъво қарор қабул шуда буд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дорандаи 75%-и ҳиссаи сармояи оинномавии корхонаи муштараки «Тоҷиказот» ширкати OSTARK VENTURES LIMITED мебошад, ки соҳибмулки назоратиаш Дмитрий Фирташ аст. 20% саҳмияи корхона ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5%-и саҳмияҳои он ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов тааллуқ доранд.

«Мо бо қарори Суди иқтисодии вилояти Хатлон, ки даъвои Агентии зиддифасоди Тоҷикистон нисбат ба ғайриқонунӣ эътироф кардани шартнома дар бораи таъсиси КМ ҶСП «Тоҷиказот»-ро қонеъ намуд, норозием. Ҳамчунин сармоягузор мо ба таври бояду шояд ҳамаи шартҳои қарордодро ба иҷро расонидем. Пас аз дастрас кардани қарори суд, аз болои он ба зинаҳои болоии суди Тоҷикистон ва дар сурати зарурат ба судҳои байнулмилалӣ шикоят мебарем», – 

посух дода буданд

моҳи июн ба дархости хаттии «Азия-Плюс» аз Group DF, ки ба «Остарк Венчерс Лимитед» шомил аст.

Дар идома ширкати Group DF қайд карда буд, ки ширкат дар назди корхонаи муштарак тамоми уҳдадориҳои молиявии худро иҷро намудааст. «Тӯли ин солҳо ширкат ба фонди оинномавӣ ва рушди корхонаи мазкур беш аз 17 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда, аз замони таъсиси ин корхонаи муштарак ба буҷети Тоҷикистон 45 млн. 610 ҳазору 642,72 сомонӣ маблағ ворид карда шуд», – гуфтанд дар ширкат.

Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» моҳи декабри соли 2002 дар заминаи ҶСК «Азот» таъсис дода шуда, нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад. Айни замон бинобар сабаби қатъ шудани интиқоли гази табиӣ корхона фаъолият надорад.

Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатиии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, зимни таъсиси корхонаи муштарак Фирташ танҳо як қисмате аз маблағи заруриро ба сармояи оинномавӣ ворид кардааст. Баъдтар ин воситаҳо барои харидораии саҳмияҳои ду корхонаи дигари саноатии Тоҷикистон – ҶСП «Абрешим» дар шаҳри Хуҷанд ва ҶСП «Гулистон» дар шаҳри Душанбе масраф шудаанд.

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот

даъво пеш овард.

Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии зиддифасод хабар дода буданд, шартномаи соли 2002 баимзорасида дар бораи таъсиси корхонаи муштараки «ТоҷикАзот»-и Тоҷикистону Кипр миёни ширкати Фирташ «Хайрок Холдингс Лимитед» ва ҳукумати Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад. «Ин шартнома соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидови соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкумшуда ба имзо расидааст», – гуфт манбаъ.

Ғайр аз ин, раҳбарияти «ТоҷикАзот» дар истифодаи ғайриқонунии воситаҳо, фурӯши таҷҳизоти корхона гумонбар дониста мешавад. «Дар сурати аз ҷониби мақомоти судӣ ғайриқонунӣ эътироф шудани шартномаи таъсис ва хусусигардонии корхонаи муштараки «ТоҷикАзот», корхона пурра таҳти назорати давлат қарор мегирад», – афзуд сарчашмаи хабар.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...