Ҳамсари Зайд Саидов баргардонидани ҳисса дар «Пойтахт»-ро талаб дорад

Date:



Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии парванда оид ба боз як иншоот, ки ба соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов тааллуқ дорад, оғоз гардид.

Исҳоқ Табаров, адвокати Зайд Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мурофиа санаи 1-уми сентябр дар асоси аризаи ҳамсари зерҳимояаш – Латофат Тоҳирова оғоз гардида, ӯ талаб дорад, ки ҳисса дар маркази савдои «Пойтахт», ки қарори мусодирааш ҳанӯз 25-уми декабри соли гузашта дар рӯзи эълони ҳукм ба Зайд Саидов содир шуда буд, дубора ба оилаи ӯ баргардонида шавад.

«Имрӯз суд қарор кард, ки баррасии парвандаи мазкур то ҷашни Иди Қурбон ба таъхир гузошта мешавад, – гуфт Табаров.

Ба қавли адвокат, тибқи маълумоти З.Саидов, «Пойтахт» ҳамроҳ бо шарикон бунёд гардида, ба ӯ 49%-и саҳмияҳои он мутааллиқ аст ва бастаи асосиро ширкати «Росазияинвест» соҳиб мебошад.

Ёдрас мекунем, ки 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон соҳибкори муваффақ, собиқ вазири саноат Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амволи «зимни содир намудани ҷиноят бадастоварда» маҳкум намуд.

То имрӯз мувофиқи қарорҳои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон 8 корхонаи Зайд Саидов, аз ҷумла корхонаи дӯзандагии «Гулистон», ширкати «Лаъл», корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» ва ғайра мусодира шудаанд, ки замоне шахсан ба ӯ ва наздиконаш мутааллиқ буданд. Ҳамаи ин корхонаҳо ба тавозуни давлат гузаронида шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...