ИМА мақоми кишвари нозир дар СҲШ-ро ба даст оварданӣ буд?

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар изҳор намуд, ки амрикоиҳо Созмони ҳамкории Шанхайро нодида мегирифтанд, вале замоне, ки нуфузи ин созмон боло рафт, хостори ба даст овардани мақоми кишвари нозир дар созмон шуданд. «Қаблан амрикоиҳо умуман СҲШ-ро нодида мегирифтанд, лекин аз соли 2005 обрӯву нуфуз ва нақши назарраси созмон дар минтақаи Осиёи […]

Пайрав Чоршанбиев



Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар изҳор намуд, ки амрикоиҳо Созмони ҳамкории Шанхайро нодида мегирифтанд, вале замоне, ки нуфузи ин созмон боло рафт, хостори ба даст овардани мақоми кишвари нозир дар созмон шуданд.

«Қаблан амрикоиҳо умуман СҲШ-ро нодида мегирифтанд, лекин аз соли 2005 обрӯву нуфуз ва нақши назарраси созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз ҳудуди он боло рафт ва аксари кишварҳои нозир хостори узвият ба созмон шуданд, ки табиист, нақши СҲШ боз хеле афзуд. Ҳамин тариқ ИМА аллакай аз соли 2007 бо котиботи СҲШ бештар ба гуфтушунид пардохтанд. Бисёре аз ҳайтатҳои ИМА ба Пекин омада, масъалаҳои ҳамкорӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданӣ буданд. Боре аввали соли 2007 яке аз намояндагони ИМА ҳатто изҳор намуд, ки Амрико кишвари нозири СҲШ шуданист. Ҳатто ҳамин тавр ҳам буд», – гуфт стратеги аслии кишвар имрӯз зимни кори мизи гирд дар Душанбе таҳти унвони «Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар раванди ташаккул ва рушди СҲШ».

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки «расман дар ин бора дар ҳеҷ куҷое маълумот дода нашудааст». «Лекин дар ҳама гуна ҳолат, ин далел гувоҳи он аст, ки нуфузи СҲШ дар минтақа ба он ҳадде боло рафтааст, ки ҳатто ИМА хостори кишвари нозир дар он шуданро кард», – иброз дошт номбурда.

Директори МТС таъкид дошт, ки айни замон ИМА ҷиҳати ҷалби кишварҳои узви СҲШ ба раванди танзими масъалаҳои тьаъмини амният дар Афғонистон фаъолона гуфтушунид доранд. «Ин гувоҳи он аст, ки ба ҳар ҳол, СҲШ рӯз то рӯз дар сиёсати байнулмилаливу ҷаҳонӣ нерӯ гирифта, ҳамин тариқ, созмони пуриқтидоре мегардад, ки тадриҷан тақдири ҷаҳонро ҳал хоҳад кард», – афзуд коршиноси тоҷик.

Ёдрас мекунем, ки Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, айни замон ба ҳайати он Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Ба ҷуз Ӯзбекистон, кишварҳои дигар узви «Панҷгонаи Шанхай» мебошанд, ки дар асоси баимзорасии созишнома миёни панҷ кишвар солҳои 1996-1997дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ таъсис дода шуда буд. Эрон, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон мақоми кишвари нозир ва Беларусу Шри-Лака ва Туркия шарикон оид ба муколамаи СҲШ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.