Дар маркази фарҳангу фароғати «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ намуд.
Нишаст бо аксбардории муштараки сарони кишварҳои узви созмон оғоз гардид. Айни замон нишаст дар ҳайати маҳдуд ҷараён дошта, баъдан ба кори он сарони кишварҳои нозири созмон ҳамроҳ мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, имрӯз баъди ба итмом расидани кори нишаст, дар «Кохи Наврӯз» аз ҷониби президенти Тоҷикистон маросими қабули расмӣ баргузор мешавад.
Дар кори нишасти СҲШ дар Душанбе сарони кишварҳои Русия Владимир Путин, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Ӯзбекистон – Ислом Каримов, Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон – Алмазбек Атамбаев ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин иштирок доранд.
Барои иштирок дар кори нишасти СҲШ намояндагони кишварҳои нозири созмон – сарони кишварҳои Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ, Афғонистон – Ҳомид Карзай, Муғулистон – Сахиагийн Элбегдорж, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон – Сушма Свараҷ ва ҳамчунин мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз низ ба Душанбе ташриф оварданд.
Дар кори нишасти СҲШ дар Душанбе ҳамчунин президенти Турманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов низ ширкат хоҳад варзид, ки субҳи имрӯз ба сифати меҳмони фахрии раиси кунунии созмон ба Душанбе омад.
Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис дода шуда, ба ҳайати он Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд. Давоми солҳои 2004-2005 Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва Муғулистон ба мақоми кишвари нозир дар СҲШ соҳиб шуда, соли 2012 Афғонистон низ ба сафи онҳо пайваст. Беларус, Шри-Ланка ва Туркия мақоми шарик оид ба муколама дар созмонро доранд.



