Боздошти як тоҷики дигар – иштирокдори ҷанги Ироқ

Дар шабакаи иҷтимоии YouTube  наворе санаи 11-уми сентябр аз шабакаи Al Belad News пахш гардид, ки аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин навор Олим Юсуф Маҳмадшариф худро аз Душанбе муаррифӣ мекунад ва дар бораи чӣ гуна пайвастан ба шабакаи террористии «ДОЪИШ» қисса мекунад. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ин навор мавриди бозпурсӣ қарор […]

Азия-Плюс


Дар шабакаи иҷтимоии YouTube  наворе санаи 11-уми сентябр аз шабакаи Al Belad News пахш гардид, ки аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин навор Олим Юсуф Маҳмадшариф худро аз Душанбе муаррифӣ мекунад ва дар бораи чӣ гуна пайвастан ба шабакаи террористии «ДОЪИШ» қисса мекунад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар ин навор мавриди бозпурсӣ қарор мегирад, ки бо ин тарз сурат гирифтааст:


– Исми комил, макони тавалудат ва аз кадом кишвар?

– Олим Юсуф Маҳмадшариф, 25-сола, аз Душанбе, Тоҷикистон ҳастам.


-Ангезаат барои омадан ба Сурия ба ҷанг чӣ буда?

– Вақте мо фаҳмидем давлати исломӣ аст, ба ин хотир ин ҷо омадем.


-Бештар тавзеҳ бидеҳ. Яъне давлати исломӣ чӣ фаҳмидӣ? Кӣ туро овард Сурия?

– Абулвалид.


-Корат чӣ буд дар Русия?

– Мо дар Русия кор мекардем, стройка кор мекардем, дар ресторан кор мекардем.


-Чӣ қадар пул ба ту медоданд?

– Нуҳ, даҳ ҳазор рубл пул медоданд.


-Кӣ шуморо бо давлати исломӣ ошно кард?

– Абулвалид.


-Чӣ тавр бо шумо тамос гирифт?

– Ҳамин хел шинос шудем, мо розӣ шудем.


-Дар куҷо дидӣ ӯро ва ч


ӣ тавр ошно шудӣ?

– Дар ҷойе, ки машқ мекардем, медавидем. Дар ҳамон ҷо суҳбат кардем, ошно шудем, даъват кард, қабул кардему омадем.


-Чӣ тавр расиди ба Сурия?

– Туркия омадем, се рӯз истодем. Баъд Сурия омадем.


-Кӣ овард он ҷо?

– Абулвалид.


-Чӣ қадр дар Туркия ва Сурия мондед?

– Чор рӯз дар Туркия мондем. Баъд Сурия даромадем, нуҳ моҳ дар Сурия мондем.


-Аз Русия то Туркия бо паспорт рафтӣ?

– Паспорт.


-Кадом шаҳри Туркия будӣ?

– Номи аэропортро фаромуш кардам.


-Кадом шаҳри Сурия рафтӣ?

– Намедонам, пиёда даромадем.


-Нуҳ моҳ дар Сурия будед ва намедонед дар кадом шаҳр будед?

– Дар Сурия маконамон Раққаҳ ва Сатта ъушрин буд.


– Сатта ъушрин шаҳр аст ё бодагон?

– Маҳалла.


-Чӣ қадар мондед?

– 14 рӯз.


-Бо кӣ байъат кардед?

– Умар Шишанӣ.


-Чанд нафар буданд дар бодагон?

– 18-20 нафар.


-Аз чӣ қавмиятҳое буданд?

– Араб, қафқоз…


-Чӣ силоҳҳоро омӯзиш медоданд?

– Силоҳ калаж, фақат калажомӯзиш мекарданд. Тир надошт.


-Таърихи омаданат ба Сурия?

– Нуҳ моҳ пеш.


-Баъд аз он ки омӯзишро тамом кардӣ, куҷо рафтӣ?

– Дар Сурия мегаштем, бародарона кумак мекардем. Дар Раққаҳ зиндагӣ мекардем.


-Баъдаш куҷо рафтед?

– Ҳамон ҷо зиндагӣ мекардем.


-Чӣ тавр вориди Ироқ шудед?

– Абулвалид медонист, ки ман намедонам … Гуфт меравем Ироқро тамошо мекунем. Вақте ки дохили Сурия даромадем.


-Чӣ тавр ворид шудед?

– Аз Сурия ба Ироқ бо мошин ворид шудем.

https://www.youtube.com/watch?v=75FlG2b63fo

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.