Омодагии СММ ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ дар самти Афғонистон

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили сиёсӣ Ҷефри Фелтман изҳор намуд, ки СММ ба таҳкими ҳамкориҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амният ва субот дар минтақа омода аст ва даъват намуд, ки ба талошҳо дар мубориза барои таъмини амният ва рушди Афғонистон тақвият бахшида шавад. Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, […]

ASIA-Plus



Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили сиёсӣ Ҷефри Фелтман изҳор намуд, ки СММ ба таҳкими ҳамкориҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амният ва субот дар минтақа омода аст ва даъват намуд, ки ба талошҳо дар мубориза барои таъмини амният ва рушди Афғонистон тақвият бахшида шавад.

Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, айни замон Ҷефри Фелтман ҷиҳати иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе қарор дорад.

«Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи умумии мо роҳандозии дигаргуниҳо дар бахши таъмини амният дар Афғонистон ва хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ аз ин кишвар дар охири сол аст. СҲШ ва кишварҳои узви он ҷонибдориашонро ба ҳалли мушкилоте, ки барои саросари ҷаҳон ва суботи ояндаи Афғонистон муҳим аст, изҳор намуданд», – гуфт Фелтман дар Душанбе зимни ироаи паём аз номи Дабири кулли СММ.

Ӯ таъкид дошт, ки кӯшишҳои кишварҳои узви СҲШ дар самти рафъи таҳдидҳои марбут ба терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин мубориза бо фаъолияти ғайриқонунии иқтисодӣ дар таҳкими амният дар Афғонистон саҳми назаррас дошта, самаранокии ин тадбирҳо ба зарурати таъмини эҳтиром ва ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ вобаста аст.

Намояндаи СММ аз сарони кишварҳои минтақа даъват кард, ки миқёси тиҷоратро бо Афғонистон густариш дода, барои рушди зербинои ин кишвар бештар маблағгузорӣ намоянд ва ҳамчунин таъкид дошт, ки аз чунин иқдомот тамоми минтақа манфиатдор хоҳад буд.

Фелтман зикр кард, ки СММ ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ омода аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин масъала Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи боздоранда (превентивӣ) дар Осиёи Марказӣ саҳми босазо гузошта метавонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.