Назари коршинос оид ба эҳтимоли нармшавии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

– Пас аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, дар муносибатҳои муташанниҷи мавҷуда тайи солҳои ахир миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад як нармие рӯйи кор ояд, – изҳор намуд дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик ва журналист Нуралӣ Давлатов. «Фикр мекунем, ки дар муносибатҳо миёни ду кишвари ҳамсоя метавон аз як нармие интизорӣ дошт. Бо […]

ASIA-Plus



– Пас аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, дар муносибатҳои муташанниҷи мавҷуда тайи солҳои ахир миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад як нармие рӯйи кор ояд, – изҳор намуд дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик ва журналист Нуралӣ Давлатов.

«Фикр мекунем, ки дар муносибатҳо миёни ду кишвари ҳамсоя метавон аз як нармие интизорӣ дошт. Бо ин иқдом яқинан Тошканд ба ду бозигари муҳими минтақа – Русия ва Чин ишора карданист, ки наздикшавии Ӯзбекистон бо Ғарб мухолифи манфиатҳои онҳо нест», – қайд кард коршинос.

Ба андешаи ӯ, вохӯрии дирӯзаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон қадами нахустин ба самти эҳтимолан беҳбудии муносибатҳо аст.

«Ба назар мерасад, ки миёни Тошканду Душанбе аз рӯи баъзе масъалаҳои усулӣ мухолифатҳо боқӣ мондаанд. Шояд дар оянда ҳамсояҳо аз рӯи ин масъалаҳо ҳам ба тавофуқи ягона расанд, вале ин ба иродаи сиёсии сарони ҳарду кишвар вобаста аст», – афзуд сиёсатшинос.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.