ҲХДТ хатнасури 700 нафар кӯдакон ва тӯйи арӯсии 20 нафар навхонадоронро барпо кард

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар Роҳи оҳани Тоҷикистон  субҳи санаи 9 сентябр аъзои ҳизби корхонаи номбурда баробари  таҷлили ҷашни солгарди  Истиқлолияти давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 20-умин солгардии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯи арӯсии 20 нафар ҷавони некбахт ва  хатнасури дастаҷамъонаи 700 нафар тифлонро бо густурдани дастурхони идона ва ҳунарнамоии беҳтарин […]

ASIA-Plus



Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар Роҳи оҳани Тоҷикистон  субҳи санаи 9 сентябр аъзои ҳизби корхонаи номбурда баробари  таҷлили ҷашни солгарди  Истиқлолияти давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 20-умин солгардии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯи арӯсии 20 нафар ҷавони некбахт ва  хатнасури дастаҷамъонаи 700 нафар тифлонро бо густурдани дастурхони идона ва ҳунарнамоии беҳтарин санъаткорони кишвар доир намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ин чорабинии фараҳбахш муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, муовини вазири нақлиёт Зулфия Одинаева, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдуллохон Қаландаров,  кормандони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», сокинони ноҳияи Шоҳмансур, меҳмонон аз ташкилоту муассисаҳои пойтахт  ширкат варзиданд.

«Онҳо ба навхонадорон ангуштарӣ, яхдонҳои муосир ва гилеми хушдӯхт инъом карда, ба ҳар кадоме аз тифлон дар баробари сарулибоси идона  200 сомонӣ маблағ пардохт карданд», – омадааст дар иттилрои сомонаи ҲХДТ.

Гуфта мешавад, идомаи чорабинӣ бо ҳунарнамоии ҳунармандони шинохтаи мамлакат аз қабили ансамблҳои «Падида», «Гулшан», «Лаъл»,Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Театри давлатии лӯхтак, овозхонони шинохта Шуҳрат Сайнаков, Раҳматулло Ҳошимов, Нигора ва Суруш Холовҳо, Бахтиёр Иброҳимов  ва дигарон идома ёфта, ба дили ҳаводорони шеъру тарона сурури нав овард.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин рӯз ба ғайр аз хони идонаи базмгоҳ дар дигар нуқтаҳои боғи фарҳангу фароғатии Роҳи оҳани Тоҷикистон барои истироҳаткунандагон хӯрокҳои гуногун ройгон пешниҳод карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.