Вохӯрии Ҳасани Рӯҳонӣ бо эрониёни муқими Тоҷикистон

Дар доираи сафар ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ шоми рӯзи 11-уми сентябр дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо эрониёни муқими Тоҷикистон мулоқот орост. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе хабар дод. Ба […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи сафар ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ шоми рӯзи 11-уми сентябр дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо эрониёни муқими Тоҷикистон мулоқот орост. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Теҳрон дар Душанбе хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ назди беш аз 200 нафар ҳамватанон Ҳ.Рӯҳонӣ таъкид доштааст, ки рушди Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дар баробари Эрон бо намояндагони адабиёти форсу тоҷик Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон ифтихор дораду ба онҳо арҷ мегузорад, бешак рушди Эрон аст.

Зимнан зикр гардид, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин изҳор намудааст, ки Эрон минбаъд низ бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг, илм ва омодасозии кадрҳо ҳамкории густарда хоҳад дошт.

Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби вохӯрӣ бо ҳамватанон президенти Эрон, ки кишвари нозири СҲШ аст, ягона сарвари давлате буд, ки дар консерти шоми дирӯзи устодони санъати Тоҷикистон барои меҳмонони нишаст дар «Кохи Борбад» ҳузур надошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.