Ташрифи президенти Туркманистон ба Душанбе

Субҳи имрӯз президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба сифати меҳмони фахрии раиси нишасти Созмони ҳамкории Шанхай – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Бино ба маълумоти сафорати Туркманистон дар ҶТ, имрӯз гуфтушунидҳои президенти Турманистон бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳо доир мегардад. Зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Турманистон масоили […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба сифати меҳмони фахрии раиси нишасти Созмони ҳамкории Шанхай – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Бино ба маълумоти сафорати Туркманистон дар ҶТ, имрӯз гуфтушунидҳои президенти Турманистон бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳо доир мегардад.

Зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Турманистон масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуда, ба масоили ҷараёни

сохтмони лӯлаи интиқоли гази

Туркманистон-Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин (шохаи D) таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Маросими расмии оғози сохтмони ин лӯлаи интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 13-уми сентябр бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин баргузор мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ эҳтимол масъалаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон низ матраҳ гардад.

Ёдрас мекунем, ки сафари охирини президенти Турманистон ба Тоҷикистон аввали моҳи майи соли равон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 9 санади ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун ба имзо расида буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.