В.Путин ба сатҳи омодагии Тоҷикистон ба ҳамоиши СҲШ баҳои баланд дод

Шоми рӯзи 11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар ва рушди ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд. Владимир Путин ба сатҳи омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамзамон […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар ва рушди ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.

Владимир Путин ба сатҳи омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамзамон аз афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли равон изҳори хушӣ кард.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия барои таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон минбаъд низ идомаи босамар хоҳад дошт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба тасвиб расондани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва танзими муҳоҷирати корӣ зоҳир гардид.

Аз рушди муваффақонаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда шуд.

Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироии судбахши ду кишвар дар ин арсаҳо табодули назар сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.