Н.Назарбоев: Қазоқистон ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон қарор хоҳад дошт

Шоми рӯзи 11-уми сентябр зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Мо бовар дорем, ки муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ […]



Шоми рӯзи 11-уми сентябр зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Мо бовар дорем, ки муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ чун намунаи ибратбахши таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ боқӣ монда, ба манфиатҳои аслии кишварҳои мо ва мардумони онҳо хизмат хоҳанд кард”.

Нурсултон Назарбоев Қазоқистонро “шарики дуюми тиҷоратии Тоҷикистон” дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз Федератсияи Русия номида, зикр намуд, ки кишвараш “ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд низ чунин муносибат идома хоҳад дошт”.

Дар идомаи суҳбат фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ ва беҳсозии шароити кории Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон зарур шумурда шуд. Тавре зикр гардид, Хазинаи сармоягузории мустақими ду кишвар ҳанӯз соли 2008 таъсис ёфта буд, вале то ҳол фаъолияти назаррас надорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни таҳия ва пешниҳоди санадҳои нави ҳамкории миёни Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла шароити баҳрабардорӣ аз захираҳои молиявии хазинаи мазкур барои соҳибкорон ҷолибтар хоҳанд шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии судбахши Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳам атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.