Донишҷӯёни соли аввали Донишкадаи ҳарбӣ савганд ёд карданд

Бахшида ба савгандёдкунии донишандӯзони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки масъулини Вазорати мудофиа ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар рӯҳияи баланди эҳтиром нисбат ба халқу ватан ва ҳамагуна арзишҳои милливу давлатӣ боз наздик ба 300 нафар курсантони курси якуми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа савганди садоқатро ба забон оварданд. […]



Бахшида ба савгандёдкунии донишандӯзони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки масъулини Вазорати мудофиа ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, дар рӯҳияи баланди эҳтиром нисбат ба халқу ватан ва ҳамагуна арзишҳои милливу давлатӣ боз наздик ба 300 нафар курсантони курси якуми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа савганди садоқатро ба забон оварданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни чорабинӣ, ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар чанде аз афсарони Донишкадаи мазкур бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби курсантони донишкадаи мазкур задухӯрдҳои тан ба тан бо усулҳои шарқӣ ва расми гузашти низомии донишҷӯёни ҷавон дар назди минбар намоиш дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.