Ба иллати норасоии об дар беш аз 11 ҳазор гектар замин сабзиши пахта қаноатбахш нест

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзии ҶТ аз майдони умумии 242 ҳазору 566 гектар кишти пахта дар 229 ҳазору 773 гектараш сабзиши хуби он ба қайд гирифта шудааст, ки ин 94,7 дарсадро ташкил медиҳад. Сардори дафтари матбуоти вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки дар майдони беш аз 11 ҳазор гектар […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзии ҶТ аз майдони умумии 242 ҳазору


566 гектар

кишти пахта дар 229 ҳазору 773 гектараш сабзиши хуби он ба қайд гирифта шудааст, ки ин 94,7 дарсадро ташкил медиҳад.






Сардори дафтари матбуоти вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки дар майдони беш аз 11 ҳазор гектар ба иллати хушксолӣ ва норасоии об сабзиши пахта қаноатбахш нест.





«Заминҳои кишти пахта бештар дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов зарар дидаанд», – гуфт ӯ.





Ба иттилои манбаъ, дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар ниҳолҳо аз 3 то 6 кӯрак бастаанд ва нашъунамои онҳо давом дорад.





«Феълан сабзиш ва ба ҳосилдароии ниҳолҳои пахта қаноатбахш аст», – афзуд Н.Додобоев.





Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки ҳосили имсола аз обмонии саввум ва ғизодиҳии ниҳоли пахта вобастагии зиёд дорад.





Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 254 ҳазору

279 гектар

кишти пахта гузаронида шуда, аз нақшаи пешбинишудаи 550 ҳазор тонна 419 ҳазору 597 тонна ё ба андоза 76,3 дарсад ҳосил ҷамъоварӣ шуд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова