Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои дохилии Афғонистон масъалаҳои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳоро муҳокима карданд

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбилро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи махсус ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии […]

root



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбилро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.






Таваҷҷӯҳи махсус ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳо зоҳир гардид.





Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни вохӯрӣ изҳор дошт, ки кишвараш бовуҷуди дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангӣ қарор доштанаш ба муқобили кишт ва парвариши маводи нашъаовар, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон мебарад. Агар соли гузашта

 

дар натиҷаи амалиёти дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 150 тонна маводи нашъаовар аз муомилот боздошта шуда бошад, пас ин рақам фақат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 250 тонна баробар шудааст. Дар соли гузашта ҳангоми ифои вазифа 1119 корманди мақомоти корҳои дохилаи Афғонистон

 

ба ҳалок шудаанд, ки аз ин шумора дар амалиётҳои зидди парвариш ва қочоқи маводи мухаддир 87 нафар ба ҳалокат расидаанд.





Умуман соле дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 11- 12 ҳазор ҷиноят содир карда мешавад, ки теъдоди он сол то сол дар ҳамдасти бо қувваҳои коалитсионӣ кам карда мешавад. Дар вохӯрӣ

 

мубодилаи иттилооту таҷриба ва ҳамгироию дастгирии байниҳамдигарии сохторҳои марбутаи ду кишвари ҳамсояву ҳамзабон аз омилҳои муҳими таҳкими амнияту суботи минтақавӣ арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои қудратии ҳар ду давлати ҳамсоя дар оянда низ муштаракан бар зидди ҳар гуна ҷиноятҳои ба амнияти дохилӣ ва минтақа хавфу хатар дошта муборизаи беамон хоҳанд бурд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.