Дар Ғончӣ ба ҷои мактаби сӯхташуда бинои мактаби нав бунёд мегардад

Хуҷанд. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ғончӣ дар наздикии бинои сӯхташудаи мактаби рақами 1 бинои мактаби нав бунёд мегардад. Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов изҳор дошт, ки мактаб барои таҳсили 480 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони мактаб 100 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷаи вилоят, ҳамин миқдор аз […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ғончӣ дар наздикии бинои сӯхташудаи мактаби рақами 1 бинои мактаби нав бунёд мегардад.






Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов изҳор дошт, ки мактаб барои таҳсили 480 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст.





Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони мактаб 100 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷаи вилоят, ҳамин миқдор аз буҷаи ноҳия, 62 ҳазор сомонӣ маблағҳои хайрияи кормандони соҳаи маорифи ноҳия ва 38 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҷониби корхонаву муассисоти вилоят ҷудо карда шуданд.





«Айни замон маблағи умумии сохтмони бино ба 300 ҳазор сомонӣ расидааст, вале ин маблағ басанда нест, – идома дод С.Ҷалолов. – Аз ин рӯ, ҷамъоварии маблағҳои хайрия идома дорад».





Мавсуф зикр кард, ки мӯҳлати ба истифода додани иншоот моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст ва то он замон хонандагон дар мактабҳои дигар таҳсил хоҳанд кард.





Ёдовар мешавем, ки мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-и ноҳияи Ғончӣ соли 1947 сохта шуда, дар таърихи 18-уми июни соли равон бар асари сӯхтор батамом сӯхта буд. Дар он 840 нафар хонандагон таҳсил мекарданд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.