Ақидаҳои иштирокчиёни семинар оид ба густаришу тавсиаи СҲШ гуногун буданд

                  Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) барои Иттиҳоди Осиё гаштан имкониятҳои зиёдеро доро аст», – изҳор дошт номзади илмҳои фалсафа Давлат Усмон дар семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо», ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард.                 Ба гуфтаи ӯ, манфиатдории кишварҳое […]

Далер Ғуфронов

 




               

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) барои Иттиҳоди Осиё гаштан имкониятҳои зиёдеро доро аст», – изҳор дошт номзади илмҳои фалсафа Давлат Усмон дар


семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо», ки дирӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард.







               

Ба гуфтаи ӯ, манфиатдории кишварҳое чун Эрону Ҳиндустон ва Покистон ҷиҳати узвият ба созмон таркиб ва самти осиёгии онро таҳким мебахшад.





«Дар ҷаҳон барои раҳоӣ аз омилҳои берунӣ тамоили ташкили иттиҳоду созмонҳои минтақавӣ ба мушоҳида мерасад», – таъкид сохт Д.Усмон.





Раиси Кумитаи исломии Русия Ҳайдар Ҷамол дар мавриди тавсиъа ва густариши СҲШ нуқтаи назари дигаре дорад. Ба қавли ӯ, то он даме, ки хавфи ҷанг бо Амрико вуҷуд дорад, Эрон наметавонад аъзои СҲШ гардад.







«Агар СҲШ бо Эрон дар як сангар қарор гиранд, пас кишварҳои узви он ба ҳолати нобоб меафтанд», – мӯътақид аст Ҳ.Ҷамол.

 






Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров зикр кард, ки Тоҷикистон чун кишвари раисикунанда дар созмон ба узвияти Эрон дар он мусоидат хоҳад кард.





«Бо Эрон моро таъриху фарҳанги умумӣ мепайвандад ва ин кишвар бояд таҳти узвияти СҲШ қарор гирад, то амнияти эҳтимолияти ҳамагуна таҳдидҳоро таъмин созад», – афзуд С.Сафаров.





Ёдрас мекунем, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо» ба кор шурӯъ кард ва имрӯз ба кори худ идома медиҳад.





Дар кори семинар намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва ҳамчунин шахсони расмии вазорати корҳои хориҷии ҶТ, олимон ва рӯзноманигорон иштирок мекунанд.

 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова