Идораи хоҷагии оби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 75 сола шуд

                 Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» – Идораи хоҷагии оби ВМКБ 75-солагии таъсисёбиашро таҷлил намуд. Сардори идора, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ Қобиламо Ғуломшоева   дар ҷаласаи тантанавӣ   кушодани заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати истифодабарии заминҳои корам ва ҳифозат намудану   истифодаи самараноки   обҳои минтақаро аз   самтҳои афзалиятноки фаъолияти идора унвон кард. […]

root





                





Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» – Идораи хоҷагии оби ВМКБ 75-солагии таъсисёбиашро таҷлил намуд.





Сардори идора, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ Қобиламо Ғуломшоева

 

дар ҷаласаи тантанавӣ

 

кушодани заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати истифодабарии заминҳои корам ва ҳифозат намудану

 

истифодаи самараноки

 

обҳои минтақаро аз

 

самтҳои афзалиятноки фаъолияти идора унвон кард.





Вай гуфт,

 

танҳо аз оғози соли равон то ба ҳол зиёда аз


100 гектар

заминҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта , барои иҷрои корҳои барқарорсозӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 972 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.





Ба гуфтаи манбаъ идораи хоҷагии оби вилоят ҳамчунин дар ноҳияи Рӯшон дар ҳамкорӣ бо Бонки рушди Осиё ба иҷрои як лоиҳа шурӯъ кардаанд, ки он барои беҳтарсозии ҳолати истифодабарии

260 гектар

замини корам кӯмак хоҳад кард.





Сардори идора дар шароити танқисии маводи ғазо заминкушоиро

 

воситаи муассири

 

афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки мутахассисони идора барои дастраси мардуми ҷумҳурӣ

 

гардондани обҳои софи ошомидании Бадахшон ба шумули кӯли Сарез кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

 


 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.